ИСТИФОДАИ БОСАМАР АЗ ИНТЕРНЕТ. Бо наврасон ва ҷавонони Файзобод суҳбату вохӯриҳои судманд доир мегарданд

Октябрь 30, 2024 15:42

ФАЙЗОБОД, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории тарғиботӣ ташкил гардидааст, ки аъзои он оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва расонидани муҳтавои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ҷавонону наврасон, омӯзгорон ва падару модарон пайваста суҳбат менамоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.

Дар вохӯрие, ки бо ин мақсад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия доир гардид, ҳозирин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мустаҳкам намоянд. Бояд падару модар, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, пайваста назорат намоянд, ки фарзандашон дар ин фазои маҷозӣ бо киҳо суҳбат мекунад, чӣ гуна маводро меписандад ва назарашро чӣ гуна баён менамояд.

Суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои фарҳангии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Октябрь 30, 2024 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд