«ЛИБОСИ МИЛЛӢ-СИМОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон барои гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пос доштани симои дурахшони маънавии миллат дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисон ва донишҷӯёни фаъоли чанд муассисаи олии мамлакат таҳти унвони «Либоси миллӣ – симои миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ байни иштирокчиён ва донишҷӯдухтарон ташаббуси омӯзишии «Либоси миллӣ-шинохти миллат» доир гардид, ки тавассути буклетҳои иттилоотӣ ба ҷавонон моҳияти либоси миллӣ ва арзишҳои фарҳангии миллат тавзеҳ дода шуд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо дар мушкилтарин даврони таърихӣ низ ҳамеша симои дурахшони маънавияшро нигоҳ доштааст. Кӯшишҳои истилогарону барбарон ҳам натавонист ин симоро аз байн бубарад ва ё коста гардонад. Яке аз инҳо либоси миллӣ аст, ки дар баробари забонамон моро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст ва миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Либоси миллии тоҷикон на бо як ранги сиёҳ ё сапед, балки бо ҳазорон ранг зебоии худро нишон медиҳад.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъоли назди кумита чанд намуд либоси миллии занонаву мардона намоиш дода шуд, ки ба иштирокчиён таассуроти нек бахшид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид






