ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
30 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ сафар намуда, мактаби замонавиро мавриди истифода қарор доданд.
***
30 октябри соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони Авруосиё баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳод ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
30 октябри соли 2015 масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки яке аз ширкатҳои бонуфузи сайёҳии японӣ «АLL Season Travel» тасмим гирифтааст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориент Адвентур» беш аз 1000 нафар сайёҳони давлати Ҷопонро барои саёҳат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.
***
30 октябри соли 2020 ҷаласаи XV раисони Судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври онлайн баргузор гардид, ки дар кори он судяҳои судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, инчунин Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гардид.
30 ОКТЯБР:
Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав
***
Дар Русия- Рӯзи муҳандис-технолог