Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба Рӯзи ҷангал ва об баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо дар нигоҳдории экосистемаҳои марбут ба об нақши калидӣ доранд ва аз байн рафтани онҳо метавонад барои гуногунии биологӣ ва устувории экосистема оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд оид ба Рӯзи ҷангал ва об дар ҳошияи Конфронси 16-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16) дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш аз ҷониби котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, дар павилиони «Барномаи глобалии қолабии Кунмин-Монреал вобаста ба гуногунии биологӣ» баргузор гардид.
Баҳодур Шерализода аз муҳимияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 қабул гардид, сухан гуфт.
Гуфта шуд, ки пиряхҳо манбаи оби тоза буда, ба дарёҳо, кӯлҳо ва ботлоқзор ғизо медиҳанд. Ин дар навбати худ олами наботот ва ҳайвоноти гуногунро эмин нигоҳ медорад.
Инчунин таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии пиряхҳо гардида, ба экосистемаҳои поёноб низ таъсири манфӣ мерасонад, ҷалб шуд. Оби пирях одатан ҳарорати паст дошта, барои ҳаёти микроорганизмҳо ва дигар организмҳои зинда шароити беназир фароҳам меоварад. Ҳамчунон дар баробари кам шудани қабати ях шароит тағйир ёфта, он метавонад сабаби нобудшавии намудҳои махсусе, ки дар дарёҳои пиряхҳо зиндагӣ мекунанд, гардад. Ин дар навбати худ на танҳо ба гуногунии биологӣ, балки ба хизматрасонии экосистемаи онҳо, аз қабили тозакунии об ва нигоҳ доштани суботи экосистема таҳдид мекунад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






