Тоҷикистон ва Кувайт тақвияти робитаҳоро дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат муҳим арзёбӣ намуданд

Октябрь 1, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва иҷрокунандаи вазифаи вазири нефти Давлати Кувайт Нура Сулаймон Фассом доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти равобит дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, инчунин фаъол намудани нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Давлати Кувайт

Октябрь 1, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд