Тоҷикистон ва вилояти Свердловск самтҳои асосии сайёҳиро муайян намуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск бо мақсади иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби бештари ҷаҳонгардон 27 октябр шуруъ шуда, имрӯз ба анҷом мерасад.
Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи сафар 30 октябр дар вилояти Свердловск Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва муовини губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Дмитрий Ионин вохӯрда, доир ба рушди сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Урали Миёна суҳбат намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карданд. Тарафҳо оид ба мубодилаи иттилоот, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳия ва баимзорасонии «Харитаи роҳ» барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия ба мувофиқа расиданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Урал вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат, омӯзиши таҷрибаи Федератсияи Русия, аз ҷумла вилояти Свердловск ва ҷалби сайёҳону сармоягузорон табодули афкор доир шуд.
Ҷонибҳо бо инобати боз ҳам зиёд намудани шумораи гардишгарон аз ҳарду ҷониб баимзорасонии санадҳои нави ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомоти дахлдор баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд






