35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 9 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст

Ноябрь 11, 2024 13:03

РӮДАКӢ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 369 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. То якуми октябри соли равон дар ноҳия 167 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре мудири бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Насим Калонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод, дар доираи сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ 18 иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифт.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, аз 369 иншооти нақшавӣ 55 иншоот ба соҳаи маориф, 7 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 56 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 19 иншоот ба соҳаи варзиш, 86 иншоот ба соҳаи коммуникатсия ва хизматрасонӣ тааллуқ дошта, 111 иншоот маркази савдою хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳаммом буда, 15 иншоот корхонаҳои саноатӣ ва 9 адад бинои фермаи чорво ва парандапарварӣ мебошанд.

То имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 корхонаи саноатии нақшавӣ нуҳ адад мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар онҳо даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Ноябрь 11, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд