Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионии ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 11, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6-7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо-узви Шуро Рухшона Насриддинзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои калидӣ вобаста ба тақвияти ҳамкории илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд. Ҳайати Тоҷикистон дар мавриди вазъи кунунии соҳаҳои илм, технология ва инноватсия гузориш дода, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди минбаъдаро барои таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа таъкид намуд.

7 ноябр ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иқтидори инноватсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таҷрибаи беҳтарини истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ» иштирок намуд. Дар конфронс намунаҳои муваффақи ҷорӣ намудани инноватсия дар иқтисод ва бахшҳои иҷтимоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкории фаъолона ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва инноватсия омода аст, зеро он ба афзоиши иқтисодӣ ва ҳамгироии инноватсионӣ дар раванди рушди минтақавӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид
Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Варзишгоҳи миллӣ босуръат идома дорад
Дар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул иқтидори маъдании Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«КАРТОТЕКА». Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба низоми нави рақамии баҳисобгирии маблағу воситаҳо мегузарад
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш дар 8061 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд