Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар Панҷакент ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия (10 ноябр) ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш аз нақши босазои мақомоти милитсия дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷиноӣ сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки кормандони милитсия ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, аз ҷумла мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дигар унсурҳои ҷиноӣ, пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти баланд зоҳир менамоянд.
«Кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ қарор дошта, ҳимоятгари аҳли ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи таҳсини милитсияи тоҷикро ҳамеша қадр мекунад»,-гуфта шуд дар ин ҳамоиш.
Ёдовар мешавем, ки соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд.
Тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик эълон гардида, ҳар сол дар Тоҷикистон чун Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст






