Дар Ёвон бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Ноябрь 9, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Ёвон бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо пентхаус ва ҷойгир намудани толори маркази савдою хизматрасонӣ дар ошиёнаи якуму таҳхонаи он ва бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Иншооти нав аз 9 ошёна ва 257 хонаи истиқоматӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкори меҳандӯсти ноҳия Мухторхӯҷа Қоризода бунёд гаштааст. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо рӯи кор омадаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои истиқоматӣ моҳи ноябри соли 2021 оғоз ёфта, дар идомаи сохтмон зиёда аз 80 сокини маҳалӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Зимни сохтмон ба масъалаҳои сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати авалиндараҷа зоҳир гардид. Бинои нав ҳамчунин бо истифода аз нақшу нигори миллию замонавӣ оро ёфта, ҳар қисми он бо лифтҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар саҳни бинои баландошёна майдончаи бозии кӯдакон бо аттраксионҳо мавҷуд мебошад, ки хушҳолии кӯдаконро комил месозад.

Ҳамчунин дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасонию савдо ташкил гардида, зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин  шудаанд, ки аксари онҳо занону духтарон мебошанд. Дар ояндаи наздик бо пурра фаъол гаштани марказҳои хизматрасонӣ боз даҳҳо ҷойи нави кор ташкил карда мешавад.

Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин марказҳои савдою хизматрасонии замонавӣ талаботи замон буда, дастрасии аҳолиро ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ таъмин мекунад.

Саҳни иншоот дар шомгоҳ зебову дилрабо буда, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон карда шудааст. Худи бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.

Пас аз шиносоӣ бо имконияти бинои нав Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 3 нафар: омӯзгори ҷавон, сокини ниёзманд ва шахси маъюб калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ройгон тақдим намуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 257 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон бо қомат афрохтани ин бино симои шаҳраки ноҳияи Ёвон боз ҳам зеботару назаррабо гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Ноябрь 9, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд