«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарон имтиёзҳои давлатӣ амалӣ гардидаанд, ки нишон аз баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо занон иброз дошта буданд, ки «занону духтарон ҳамчун неруи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва дигар бахшҳо нақши мустақиму озод дошта бошанд. Яъне, ғамхорӣ дар ҳаққи занону духтарон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро рушду устувору муназзами ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону духтарон ғайриимкон мебошад».

Маҳз бо дастгирӣ ва иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар замони соҳибистиқлолӣ ба муваффақият ва дастовардҳои зиёде ноил гардида,  дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту дорои ҳувияти баланди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки «хусусияти аз ҳама муҳимми сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар он ифода мегардад, ки сарчашма ва манбаи ин сиёсатро ташаббусҳои махсус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала ташкил дода, ба устувории он заминаи муҳим гузоштаанд».

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муассири занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбуди вазъи занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷиби онҳо заминаю имконияти мусоид фароҳам меоварем».

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробари мардон ва занон», «Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳое мебошанд, ки ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.

Нақш ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа назаррас аст. Маҳз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯз занону духтарони тоҷик бо илму дониш, муаррифии фарҳанги миллӣ ва иштирок дар олимпиадаю мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ маъруф гардидаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад