ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.
***
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуданд.
***
24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 метр, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб мешуд, парафшон гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 -солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.
***
24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи амалигардии барномаи «Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» гузаронида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
***
24 ноябри соли 2021 ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки дар он ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия доир гардид.
***
24 ноябри соли 2022 дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи 37-уми пленарии ГАО масъалаҳои муҳими марбут ба таҳдидҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) иштирок ва суханронӣ намуданд.
24 НОЯБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Русия- Рӯзи модар.
***
Дар ИМА — Рӯзи дӯстон.