Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

Ноябрь 8, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, довталабон ба кор ба мансабҳои холии котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ, котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии  сарраёсати консулӣ , котиби дуюми шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ, котиби якуми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ , котиби якуми шуъбаи тадқиқоти стратегии раёсати тадқиқоти стратегӣ, котиби якуми шуъбаи масъалаҳои ҳуқуқии амнияти байналмилалии раёсати шартномавӣ – ҳуқуқӣ, мушовири раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ, мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ ва  мушовири шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо даъват карда мешаванд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 10 декабри соли 2024 ба вазорат равон намоянд.

Маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд