ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик соҳиби панҷ медал шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик Шукрат Саломатов, Акмал Убайдов, Шаҳобҷон Шукуров, Аҳмадҷон Саидов ва Парвиз Каримов дар рӯзи 9-уми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Шукрат Саломатов дар вазни 67 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар даври нимниҳоӣ Шукрат Саломатов аз намояндаи Қазоқистон Дулат Бебауов мағлуб шуд.
Акмал Убайдов дар вазни 60 кг бо мағлуб кардани Айдер Абдураимов аз Украина ба финали Чемпионати Осиё дар Тайиланд роҳ ёфт. Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 71 кг барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар даври нимниҳоӣ Шаҳобҷон Шукуров аз намояндаи Қазоқистон Аблайхан Жуссупов мағлуб шуд.
Аҳмадҷон Саидов дар вазни 86 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар даври нимниҳоӣ Аҳмадҷон Саидов аз намояндаи Узбекистон Ҷасурбек Юлдошев мағлуб шуд.
Парвиз Каримов дар вазни 92 кг бо мағлуб кардани Богдан Толмачов аз Украина ба финали Чемпионати Осиё дар Тайиланд роҳ ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аллакай соҳиби панҷ медал гардидааст. Ин аввалин бор дар таърихи бокси Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати Осиё панҷ медал ба даст оварда, дастаи Тоҷикистон дар сегонаи беҳтаринҳо ҷой мегирад. Аз байни муштзанони тоҷик Шукрат Саломатов, Шаҳобҷон Шукуров ва Аҳмадҷон Саидов медали биринҷӣ гирифтанд ва Акмал Убайдов бо Парвиз Каримов ба финал роҳ ёфтанд. Меҳрон Шафиев, Хусравхон Раҳимов, Абдумалик Болтаев ва Миҷгона Самадова аз ҳарифҳояшон мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба варзиши бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд аз 28 ноябр то 12 декабри соли 2024 байни беҳтарин муштзанони қораи Осиё баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 давлати Осиё иштирок доранд.
АКС аз ТВ «Варзиш»








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






