Доир ба мақомоти гумрук ва нақши он дар таъмини бехатарии иқтисодӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

Декабрь 5, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Мақомоти гумрук ва нақши он дар таъмини бехатарии иқтисодӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, дар конференсия мутахассисону коршиносон аз Русия ва Узбекистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети ҷумҳурӣ табдил гардид. Саҳми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисони дараҷаи олӣ дар мақомоти гумрук аз назар дур нест. Ҳамасола донишҷӯёни ин самт донишгоҳро бо дониши хубу аъло хатм намуда, мутахассисони варзидаи соҳаи гумрук мегарданд.


Дар иқтисодиёт мақомоти гумрук нақши хеле калон мебозад. Аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобаста аст.

Дар конференсия устодони филиали Ростови академияи гумруки Русия, Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Узбекистон оид ба мавзуи матраҳшаванда ибрози андеша намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ