ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 12, 2024 08:00

12 декабри соли 1995 иҷлосияи 50-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии  давлати бетараф дода шуд.

***

12 декабри соли  2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуд.

***

12 декабри соли 2012 дар ноҳияи Рашт вазъи таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе коршиносони ватанию байналмилалӣ масъалаи таҳқиқоти мониторинги камбизоатиро баррасӣ намуданд.

***

12 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

12 декабри соли 2015 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ, амният ва рушд» суханронӣ намуданд.

***

12 декабри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Ню-Йорк байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

Соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафтанд.

***

Соли 2017 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба гирифтани ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» мушарраф гардид.

***

12 декабри соли 2019 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми  сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд.

***

12 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

*** 

12 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар Ғоним бин Шоҳин бин Ғоним ал-Ғоним баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи табодули сафарҳои донишҷӯёнро баррасӣ намуданд.

12 ДЕКАБР: 

Рӯзи байналмилалии  фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ

***

 Дар Федератсияи Русия – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

Декабрь 12, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд