Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».