Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд

Январь 31, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ҷашни қадимии мардуми тоҷик- Сада бо шукуҳу ҷалоли хос таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.

 Ҳамоиши идона бо намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва афрӯхтани гулхан, ки яке аз рамзҳои ин ҷашни мардумӣ мебошад, доир шуд.

Иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Иди Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад.

Зимни ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба иди Сада баргузор шуданд, бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз тарафи кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Мурғоб манзури ҳозирин гардид.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

 

Январь 31, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид