ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 900 бех дарахти тут шинонида шуд
ТУРСУНЗОДА, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода беш аз 1100 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва 900 бех дарахти тут шинонида шуданд. Сокинони ҷамоат бо азму иродаи қавӣ барои ободонии маҳал дар ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, имрӯзҳо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ниҳолшинониро вусъат медиҳанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Регар дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 500 бех ва дар Ҷамоати деҳоти Работ 2000 бех дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода идома дорад. Сокинони шаҳр кӯшиш менамоянд, ки бо ин амали хайр- дарахтшинонӣ дар сабзу хуррамгардонии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






