ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо яке аз марҳилаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин равандро ба танзим даровардааст. Талабот ва шартҳои муайян ҳангоми пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо, ҳолатҳои рад кардани бақайдгирии онҳо аз ҷониби комиссияҳои дахлдори интихоботӣ чӣ гуна муайян карда шудаанд? Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода мусоҳиба анҷом дод, ки пешниҳоди хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Кӣ метавонад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад?
М. Хидирзода: Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита, бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот доир мешавад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад.
АМИТ «Ховар»: Барои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳавза ташкил шудааст? Дар ин ҳавзаҳо пешбарии номзадҳо чӣ гуна амалӣ мешавад?
М. Хидирзода: Барои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот ташкил карда мешавад.
Ба ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ танҳо ҳизбҳои сиёсӣ номзад пешниҳод карда метавонанд.
Ба 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд номзад пешбарӣ кунанд.
АМИТ «Ховар»: Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон чӣ гуна аст?
М. Хидирзода: Ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шахсонеро ҳам, ки аъзои ҳизбҳои сиёсӣ нестанд, номзад пешниҳод кунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ба шарте номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карда метавонанд, ки агар онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун то рӯзи таъйини интихобот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд. Ҳуҷҷат дар бораи сарчашмаи даромади ҳизби сиёсӣ ҳуҷҷате мебошад, ки ҳизби сиёсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» пешниҳод менамояд.
Пешбарӣ намудани рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ бо чунин тарз амалӣ мешавад:
а) баъд аз таъйини интихобот оғоз шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот анҷом меёбад;
б) аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ дар анҷумани (конференсияи) онҳо пешбарӣ карда мешавад;
в) рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳоро дар рӯйхат ҳизби сиёсӣ муайян мекунад;
г) рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳо дар рӯйхат баъд аз пешниҳод намудани он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои хориҷ шудани номзад аз рӯйхат;
д) шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, набояд аз 45 фоизи (28 нафар) миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон зиёд бошад.
Рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда, протокол ва қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёсӣ, ки дар он рӯйхати номзадҳо пешбарӣ шудааст, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда мешавад. Дар қарор маълумоти зерин сабт мешавад:
— номи мақом ва қарор, сана ва ҷой, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр;
— рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба қарор замима мегардад.
— протокол масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳӣ, натиҷаи овоздиҳӣ, матни қарори қабулшуда, имзоҳои раисикунанда, котиби маҷлис ва муҳр.
Дар анҷумани (конференсияи) ҳизбҳои сиёсӣ яке аз аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок кардан дорад.
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот:
а) 60 рӯз пеш аз интихобот оғоз шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот анҷом меёбад;
б) аз тарафи мақомоти шаҳрӣ (ба истиснои мақомоти ҳизбии шаҳри Душанбе) ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳои (конференсияҳои) онҳо бо зикри ҳавзаи интихобот, ки номзадашон пешбарӣ мешавад, доир мегардад;
в) мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзадӣ пешбарӣ мекунанд;
г) қарор дар бораи пешбарии номзад ба таври овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад;
д) дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот қаламрави ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дар бар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар пленумҳои (конференсияҳои) якҷояи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб доир мешавад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбарӣ карда мешавад;
е) тартиби пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагонро ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар мекунанд;
ё) дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳизби сиёсӣ қарор қабул мегардад ва протокол тартиб дода мешавад;
ж) дар қарор маълумоти зерин сабт мегардад: номи қарор ва мақом, сана, ҷой, ном ва рақами ҳавзаи интихоботӣ, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр;
з) протокол масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, ном ва рақами ҳавзаи интихоботӣ, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳӣ, натиҷаи овоздиҳӣ, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунанда, котиби маҷлис ва муҳр;
и) дар бораи қарори қабулшуда ҳизби сиёсӣ ба номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон камаш дар давоми ду рӯз хабар медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Дар пленуми (конференсияи) мақомоти шаҳрӣ ва ё ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ кӣ метавонад иштирок намояд?
М. Хидирзода: Дар он яке аз аъзои комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатии интихобот ҳуқуқ дорад иштирок намояд. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз бақайдгирӣ аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. Ҳамзамон расиди супоридани гарави интихоботиро фавран ба комиссияи дахлдори интихобот дастрас мекунад. Дар ин бора аз ҷониби ин бонк фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
АМИТ «Ховар»: Пас аз бекор кардан ё қарори пешбарии номзад гарави интихоботӣ баргардонида мешавад?
М. Хидирзода: Дар ҳолати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Комиссияи маркази иинтихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупоранд. Расиди супоридани гарави интихоботиро ҳизби сиёсӣ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дастрас менамояд. Гарави интихоботӣ дар ҳолати аз тарафи ҳизби сиёсӣ гирифтани на камтар аз панҷ фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда ба ҳизби сиёсӣ баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботии ҳизби сиёсӣ баргардонида намешавад ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Номзад фақат дар як ҳавзаи интихобот ба қайд гирифта мешавад. Як номзад фақат ба як рӯйхати номзадҳо дохил карда мешавад. Ин қоида нисбат ба номзаде, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатӣ ва ё рӯйхати номзадҳо дохил карда шудааст, татбиқ намегардад.
Ҳангоми бақайдгирии номзад, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ шудааст, дар қарори дахлдори комиссияи интихобот далели пешбарӣ гардидани ӯ аз ҷониби ҳизби сиёсӣ сабт карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Уҳдадориҳои номзад ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ чӣ гуна аст?
М. Хидирзода: Ҳама номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар мебошанд.
Маъмурияти корхона, муассисаю ташкилот, ки дар онҳо номзадҳои бақайдгирифта кор мекунанд, аз рӯзи бақайдгирии номзад аз тарафи комиссияи дахлдори интихобот то рӯзи эълони расмии натиҷаи умумии интихобот уҳдадоранд дар асоси аризаи номзад ӯро аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар вақт ва ҳар рӯз давоми ин муҳлат бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби ташкилот ва муассисаю корхона озод намояд.
Дар вақти гузаронидани интихобот номзади бақайдгирифтаро бо ташаббуси маъмурият (корфармо) аз кор (вазифа) озод кардан ё бе розигиаш ӯро ба кори (вазифаи) дигар гузаронидан мумкин нест.
Вақти иштироки номзади бақайдгирифта дар интихобот ба собиқаи кори номзад дохил карда мешавад.
Номзади бақайдгирифтаро бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дар ҷойи содир намудани ҷиноят дастгир шудани ӯ.
Номзадҳо аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданашон дар интихобот дар асосҳои баробар иштирок мекунанд, дар гузаронидани маҷлисҳои пеш аз интихобот ва маҷлисҳои дигар, истифодаи имконияти воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио ҳуқуқи баробар доранд.
Номзад метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад кунад. Барномаи номзад набояд хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»