Рақамикунонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии стратегияи рушди донишгоҳ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласае, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаи рақамикунонии донишгоҳ ҳамчун яке аз самтҳои асосии стратегияи рушди ин муассисаи олии мамлакат арзёбӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуд, ки раванди рақамикунонӣ на танҳо имконияти нави таълимӣ ва идоракунӣ фароҳам меорад, балки ба самаранокии кор ва рақобатпазирии донишгоҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ ба масъалаи омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ маҳсуб мешавад, дахл намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳи масъулият ва содиқона иҷро намудани уҳдадориҳо аз ҷониби омӯзгорон метавонад сабаби натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои донишҷӯён гардад.
Баланд бардоштани сифати таҳсил низ яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буд. Вобаста ба ин масъала таъкид шуд, ки сифати таҳсил на танҳо нишондиҳандаи асосии рушди донишгоҳ аст, балки барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат низ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷаласаи назоратӣ вобаста ба фаъолияти босамари институтҳои илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ибрози назар карда, ба таҳкими кори институтҳо ҳамчун василаи муассир барои рушди илм, таҳқиқот ва таҳияи инноватсияҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисоди «сабз» ва иштироки донишгоҳ дар рейтинги байналмилалии донишгоҳҳо аҳамияти махсус дода шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






