Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар кори он намояндагони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.