Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Словения машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Февраль 14, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни  вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словения баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҷониби Словенияро котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Словения Марко Штучин роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо, ки маротибаи нахустин баргузор шуданд, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словения, ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, тақвияти тамосҳои мустақим, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва Словения изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд