Дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam»-и шаҳри Боку аз Тоҷикистон шаш варзишгар иштирок менамояд

Февраль 5, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 феврали соли 2025 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи бонуфузи байналмилалии «Grand Slam» оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 варзишгар иштирок мекунад. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

То имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа 284 варзишгар аз 40 давлат номнавис шудаанд. Варзишгароне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии «Grand Slam» оид ба гӯштини ҷудо иштирок мекунанд, Абубакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг мебошанд.

Бояд гуфт, ки аз байни ин варзишгарон Беҳрӯз Хоҷазода бори аввал дар вазни нави худ вориди майдон мешавад. Ӯ то ин замон дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард ва ин аввалин мусобиқаи ӯ дар вазни то 81 кг мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд