Дар ноҳияи Ёвон 105 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад

Февраль 4, 2025 14:05

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон то имрӯз 105 муассиса, аз ҷумла 100 муассисаи давлатӣ ва 5 муассисаи хусусӣ бо 1981 табибу мутахассис фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба сокинон дар беморхонаи марказии ноҳия шинос шуд.

Икромиддин Вализода зимни шиносоӣ бо фаъолияти якчанд шуъбаи беморхона бо мутахассисону кормандони беморхонаи марказӣ суҳбат кард. Таъкид шуд, ки табибон- дармонбахшандагони мардум бояд ба беморону шахсони муроҷиаткунанда бо муоширати ҳалимона хизмати софдилона расонанд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо истифода аз тамоми имконият кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои рушди инфрасохтори ин соҳаи муҳим ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои муассир андешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Февраль 4, 2025 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад