Дар Тоҷикистон конгресси байналмилалӣ дар самти ҷарроҳӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли 2025 дар Тоҷикистон конгресси байналмилалӣ доир ба тайёр намудани мутахассисони самти ҷарроҳӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус зимни баргузории конгресси Х1Х байналмилалии ҷарроҳӣ таҳти унвони «Ҷарроҳии миниинвазивӣ ва техникӣ», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ табибони тоҷик доир ба дастовардҳои самти ҷарроҳӣ дар мамлакат маълумот доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба тариқи маҷозӣ сухан гуфта, баргузории чунин ҳамоишро фурсати хуб барои табодули таҷриба ва густариши ҳамкории ду мамлакат дар бахши тандурустӣ арзёбӣ намуд.
Дар конгресси Х1Х байналмилалии ҷарроҳӣ табибон доир ба масъалаҳои ҷарроҳии лапароскопӣ, саратони колоректалӣ, омосҳои интестиналии меъдаву рӯда, фарбеҳии морбидӣ, бемории рефлюксии меъдаю рӯда, бемориҳои бачадон ва омосҳои коси хурд, бемориҳои қафаси сина, ғадуди сипаршакл, бемориҳои абдоминалӣ ва урологии кӯдак, бемориҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ






