Дар вилояти Суғд бо истифодаи таҷрибаи пешқадам боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд

Февраль 16, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори Агентии рушди агросаноати Ҷумҳурии Узбекистон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, густариши муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар мулоқот иброз гардид, ки густариши робитаҳо ва таҳкими муносибатҳо самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо низ ривоҷу равнақ меёбад.

Гуфта шуд, ки Агентии рушди агросаноати Узбекистон дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ таҷрибаи калон дорад. Дар назар аст, ки дар вилояти Суғд низ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам боғҳои интенсивӣ бунёд шаванд.

Ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои нав изҳори омодагӣ ва нақшаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 16, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад