ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд

Февраль 26, 2025 15:39

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 62-юми ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар 0,30 гектар қариб 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин иқдом бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда, ба ҳифзи муҳити зист, тозагии экология ва хуррам гардонидани шаҳри Душанбе равона гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ҳашари ниҳолшинонӣ дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҷузъе аз барномаи ободонӣ ва сабзгардонии мамлакат, хусусан пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад.

Ниҳолшинонӣ на танҳо ба зебоии шаҳр ва беҳбуди муҳити зист мусоидат менамояд, балки муҳаббат ба табиат ва ҳифзи онро дар байни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон тақвият мебахшад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 26, 2025 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд