ИСТИФОДАИ ТАХОГРАФҲОИ РАҚАМӢ. Азим Иброҳим ва Умберто де Претто масъалаи гузаштан ба онро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Женева бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА; International Road Transport Union, IRU) Умберто де Претто мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Мусоҳибон ба таҷрибаи бисёрсолаи ҳамкории босамари Тоҷикистон бо ИБНА, аз ҷумла татбиқи усулҳои сода гардонидани расмиёти транзитии гумрукӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июли соли 2003 ба ИБНА (IRU) дохил шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии Тоҷикистон «АВВАТ» расман ба низоми байналмилалии Carnet TIR роҳ пайваст ва мақоми ваколатдор оид ба додани шаҳодатномаҳои ИБР (Интиқоли байналмилалӣ тавассути роҳ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб кард.
Умберто де Претто сармоягузории Тоҷикистонро ба инфрасохтори роҳу нақлиёт баланд арзёбӣ намуда, бо таъкиди иштироки фаъолонаи мамлакат дар рушди устувори нақлиёт гуфт, ки саҳми Тоҷикистон дар рушди низомҳои устувори нақлиётӣ, ҳамбастагии логистикӣ ва бунёди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ мутобиқи равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ дар чорабинии сатҳи баланди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор дар моҳи апрели соли 2024 дар Ню-Йорк таъкид гардида буд.
Зимнан, дар ин чорабинӣ аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон барномаҳо ва стратегияҳои калидӣ, ки дар мамлакат барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти устувор амалӣ карда мешаванд, муаррифӣ шуданд. Дар доираи ин барномаҳо шаш лоиҳаи сармоягузории бунёди марказҳои логистикӣ омода ва заминаи меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва такмил дода шудааст, корҳои рақамисозии маҷмааи нақлиётӣ фаъолона идома дошта, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори назди роҳ ва нақлиётӣ, аз ҷумла пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо амалӣ карда мешаванд.
Дабири кулли ИБНА (IRU) бо Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим мавзуи гузариш ба истифодаи тахографҳои рақамӣ (кортҳои интеллектуалӣ)-ро баррасӣ намуда, гуфт, ки барои ронандагони кишварҳое, ки то ҳол фурсат ва имкони татбиқи чунин кортҳоро пайдо накардаанд, мушкилӣ пайдо шудааст. Аз ҷумла, ронандагон аз Тоҷикистон бо ин душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд, зеро гузариш ба технологияҳои нав вақт ва захираро талаб мекунад.
Азим Иброҳим ба ҳамсуҳбати худ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон барои татбиқи тахографҳои рақамӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи тахографҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» аз соли 2011 қабул шуда, бо фармоиши Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз соли 2019 «Қоидаҳои истифодаи тахографҳои рақамӣ дар боркашонии байналмилалии автомобилӣ» тасдиқ гардиданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иштироки давлат дар Созишномаи Аврупо оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ЕСТР (European Agreement concerning the Work of Crews of Vehicles engaged in International Road Transport), ки 1 июли соли 1970 дар Женева ба имзо расидааст, қабул гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ба ин созишнома ҳамроҳ шудааст.
Мувофиқи талаботи Созишномаи Аврупо, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки пас аз 16 июни соли 2010 интиқоли байналмилалии автомобилиро ба кишварҳои иштирокчии Созишномаи Аврупо амалӣ мекунанд, бояд бо дастгоҳҳои назоратии рақамӣ таъмин карда шаванд. «Мо дар ин самт бо Маҷористон созишномаи ҳамкорӣ бастаем ва дар айни замон ба ронандагони Тоҷикистон кортҳо барои тахографҳои рақамӣ дода мешаванд, аммо на кортҳои ҳушманди насли нав, ки қодиранд ба таври худкор убури марзҳо, ҷой ва вақти убурро сабт кунанд,- гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва илова намуд, ки яъне имрӯз мо омодаем дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ба истифодаи кортҳои интеллектуалии тахографҳои рақамӣ гузарем. Аз ин рӯ, мо аз Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ хоҳиш мекунем, ки барои дохил кардани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки ҳуқуқ доранд ба ронандагони худ кортҳои тахографҳои насли нав диҳанд, ба мо кумак расонад».
Азим Иброҳим ва Умберто де Претто зарурати татбиқи истифодаи намуди интихобшудаи электронии борхати намунаи байналмилалӣ (e-CMR) ва ташкили даврҳои такмили ихтисоси Академияи ИБНА (IRU) дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баррасӣ карданд. Умберто де Претто роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда изҳори омодагӣ карда, гуфт, ки барои ҳалли мусбати онҳо кумаку мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






