«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳамасола дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, инчунин барои занону духтарон маҳфилҳои идона ташкил мешаванд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 март дар мамлакат Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯз рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд






