Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш тақвият медиҳанд

Февраль 7, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷисии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо муовини раиси шаҳри Тзисӣ Ли Фушэн баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.  Аз ҷумла, Лу Фушэн иброз намуд, ки шаҳри Тзиси дар рушди варзиши оммавӣ ба муваффақияти назаррас ноил шудааст ва омода аст, ки дар ташкил ва баргузории мусобиқаҳои муштарак, мубодилаи мураббиён ва рушди инфрасохтори варзишӣ саҳм гузорад.

Зулфиқор Гулаҳмадзода вобаста ба дастовардҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш лоиҳаҳои ояндадори рушди заминаи варзишӣ ва бунёди маркази тиббии варзишӣ дар  шаҳри Душанберо муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон тарафҳо тавофуқ намуданд, ки мубодилаи ҷавононро васеъ намуда, барномаҳои таҳсилӣ ва соҳибкориро таҳким бахшанд,  форумҳо ва лагерҳои ҷавононро доир намоянд. Инчунин имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои навоварӣ, фарҳанг ва экология баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои беҳтарсозии шароити варзишгарон ва густариши ҳамкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо муҳокима гардиданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ, ки  ба сатҳи нави рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мусоидат мекунад, изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид