Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» (TITE), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, боздид намудан аз имкониятҳои сайёҳии ҳамдигар ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Душанбе бо шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои бародаршаҳрӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.
11 феврал дар шаҳри Теҳрон дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон то 14 феврали соли 2025 идома меёбад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд






