Байни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» идома дорад
ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун дар се давр ташкил гардида, даврҳои якум ва дуюм аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии пойтахт гузаронида шуд. Даври ниҳоии озмун аввали моҳи апрел аз ҷониби Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба ин фанҳо алоқаманд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар амалӣ намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуданд.
Барои ғолибони ҷойҳои якуми озмун 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.
Омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмун мегарданд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






