Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ба имзо расид

Март 13, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маросими имзои 16 санади дуҷониба доир гардид.

Аз ҷумла,  байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба  ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи Ёддошти тафоҳум мусоидат ба ҳамкории боэътимоди  ду давлат дар соҳаи саноат ва фароҳам овардани таъмини шароити мусоид барои рушди саноат ва ҳамкории истеҳсолӣ, илмию техникӣ ба манфиати тарафайн мебошад. Шартҳои он бо созишномаҳои иловагии дахлдор мувофиқа карда мешаванд.

Дар асоси ин санад ҳарду давлат  ҳамкориро дар самти рушд ва таъмиқи ҳамкории мутақобил дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати сабук, кӯҳкорӣ, металлургӣ, саноати химия, масолеҳи сохтмонӣ ва технологияҳои нав амалӣ менамоянд.

Дар доираи ин ёддошт Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро дар самтҳои мубодилаи иттилоот дар бораи афзалияти миллии рушди саноат, таҷриба дар самти таҳия ва татбиқи стратегияҳои соҳавии рушди саноат ва барномаҳои мақсадноки дахлдор, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳқиқот, мубодилаи дониш ва пешбурди тасмимҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, доир намудани машваратҳо, ташкили майдончаҳои муштарак оид ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба коркарди самтҳои асосии ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла самтҳои ояндадори рушди инноватсионӣ, таҳияи пешниҳодҳо барои таъмиқи ҳамкории мутақобили Тарафҳо дар татбиқи сиёсати саноатӣ ва ғайра амалӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Март 13, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд