Барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон гардид

Март 5, 2025 11:43

ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Довталабони стипендияҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:

— ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, «Пайравони Пешвои миллат», «Созандагони Ватан» ва ғайра) аъзо бошанд;

— бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намоянд;

— дастовардҳои илмию эҷодиашон дар воситаҳои ахбори омма нашр шуда бошад.

— фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)-и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошанд;

— дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд;

— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд;

— рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир бо назардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ).

Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмуни стипендияҳоро доранд, ҳуҷҷатҳояшонро бояд то 31 марти соли 2025, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешниҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот:

2217283,938182200,934603031 907778567 шаҳри Душанбе

2331576, 777150707 ноҳияи Фирдавсӣ

2277963, 988999819 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

2270134, 207530000 ноҳияи Шоҳмансур

917444466, 906551566 ноҳияи Сино

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

Март 5, 2025 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад