Хатти интиқоли барқи 500 кВ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба истифода дода мешавад

Март 15, 2025 17:17

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик хатти интиқоли барқи 500 кВ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, аз зеристгоҳи барқии «Суғд-500» то зеристгоҳи барқии «Датка» ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус дар мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Назгул Усенова иттилоъ дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика байни ду давлати ҳамсоя дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид