ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 март, душанбе, 69-умин рӯзи соли 2025 аст

10 марти соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи «Помир» аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистон ва Қазоқистон бахшида шуда буд.
***
13 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии 100-солагии матбуоти тоҷик иштирок намуда, рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуданд.
***
10 марти соли 2018 байни Душанбею Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ Созишнома ба имзо расид.
***
10 марти соли 2020 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе бузургтарин табақи суманак қомат афрохт.
***
10 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд мақомот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
***
10 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2022 бо қарори Шурои илмию таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Доктори фахрӣ» супорида шуд.
***
10 марти соли 2023 дар Душанбе сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳамёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
10 МАРТ:
Дар Русия-Рӯзи бойгонӣ.
***
Рӯзи иттиҳоди миллатҳо.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Рафоат Абдусаломова —соли 1939— наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
***
Улфатмо Мамаданбарова — соли 1937 — сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.