Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ озмун баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шаҳрвандон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои дарёфти «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо ин Ҷоиза дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузори беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотии) беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ ва дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Инчунин барои дарёфти ҷоиза аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин: дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ; санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад; ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (таҳқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ; дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешниҳод карда шаванд.
Ба маълумоти иштирокчиёни озмун расонида мешавад, ки як муаллиф (гурӯҳи муаллифон) метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.
Инчунин дар озмун барои дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул карда намешаванд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муассиртарин, навоварӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таблиғи маҳсулоти сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба арзишҳои моддию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид






