Дар шаҳри Боку консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар қасри ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Дар барномаи фарҳангӣ, ки бо дар партави дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил ва гузаронида шуд, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимлӣ, Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати Озарбойҷон, корпуси дипломатӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Боку иштирок намуданд.
Ҳунармандон ва мутрибони боистеъдоди тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолибу рангорангро бо иҷрои мусиқию сурудҳо аз эҷодиёти муаллифони машҳури тоҷику озарӣ, инчунин асарҳои мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла операҳои Ҷузеппе Верди, Ҷорҷ Бизе ва оҳангу сурудҳои Клаус Баделт, Фрэнк Синатра ва Муслим Магомаев пешкаш намуданд.
Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо самимияти зиёд ва кафкӯбиҳои бардавом истиқбол карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ҳамчун рамзи симои маънавии мардум дар муттаҳидсозии иқтидори илмию зеҳнӣ, таҷассуми таърихи муосиру бостонӣ, урфу одат, расму ойини мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии давлат ва миллати тоҷик мақоми шоиста дорад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар тадбирҳои судаманд андешида шуда, ин соҳа пайваста ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.
Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳоло Тоҷикистонро бо фарҳанги асилу ҳунари воло дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонӣ нахустин маротиба бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ пешниҳод намуда буд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон













Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






