Дастёбӣ ба амнияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Апрель 29, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳҳои хурду миёна низ талоши зиёд дорад, то дар канори он дар деҳот саноати барқиро барқарор намояд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, сохтани чунин неругоҳҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ даромаднок буда, барои расидан ба ин ҳадаф ҳамаи шароит мавҷуд аст: ҳам неруи кории арзон, ҳам шароити табиию ҷуғрофии мусоид ва ҳам воситаҳо ва масолеҳи сохтмонии ватанӣ. Ин гуна неругоҳҳо дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро мебароранд. Ба ақидаи мутахассисон, танҳо азхуд кардани 10 дарсади захираи энергетикии рӯдҳои хурд дар манотиқи кӯҳсор метавонад 70 дарсади деҳоти хурдро бо неруи барқ таъмин намояд. Чунин ибрози назар намуд ходими илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Исмоил  Алиев дар суҳбат бо мухбири  АМИТ «Ховар».

-Дастёбӣ ба амнияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мо мебошад. Ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард-кВт соатро ташкил медиҳад, вале аз ин захираҳо ҳамагӣ 5-6 дарсад истифода мешавад. Бояд дар оянда тавлиди неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 57 миллиард-кВт соат расад, ки имкон медиҳад на танҳо ба истиқлоли энергетикии комил ноил шавем, балки қисме аз барқро ба Осиёи Марказӣ ва берун аз он содирот намуда, яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа гардем.

«Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои зебо, захираҳои обҳои ширин, обанборҳо ва муъҷизаи дар олам машҳури табиат — кӯли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои ҷумҳурии мо ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои  об яке аз афзалияти муҳим ба ҳисоб меравад.Тоҷикистон соҳиби захираҳои бузурги об дар минтақа аст. Мутобиқи хулосаи коршиносон, қариб 60 дарсади ҳаҷми солонаи сарчашмагирии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба қаламрави ҷумҳурии мо рост меояд ва ин обҳо дар маҷмуъ 845 миллиард метри мукааб захираро ба вуҷуд овардаанд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки барои Тоҷикистон захираи бисёр азим аст»,-афзуд ӯ.

Исмоил Алиев тазаккур дод, ки об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим ба ҳаёт ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои обӣ таъсир мерасонад. Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо боиси нигаронӣ буда, моро водор месозад, ки дар ин самт якҷоя бо коршиносони байналмилалӣ, ташкилот, вазоратҳо ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ ва илмӣ бурда, бо истифода аз технологияи муосир обшавии онҳоро пешгирӣ намоем.

Дар айни замон бо сабаби гармшавии глобалӣ таназзули пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар об мешаванд. Дигар омили муҳими тағйирёбии глобалии иқлим ин таъсири он ба захираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Сайёраи мо имрӯз ба ҳолати душвори муҳити зист рӯ ба рӯ мешавад ва бинобар ин масъалаи мазкур аз мубрамтарин масоили асри ХХI ба ҳисоб меравад.

Ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар самти об низ маҳз ба хотири истифодаи дурусти ҳамагон аз захираҳои об ва расидани манфиати он ба тамоми минтақа, ҳатто ҷаҳон равона шудаанд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масълаҳои обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои зерин, аз ҷумла соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли 2025- Соли байналмиллалӣ ҳифзи пиряхҳо, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025 – 2034)   амалӣ намудаанд.

Вобаста ба ин Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид намуда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи обҳои нӯшокӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Имрӯз дар кураи Замин қариб як миллиард нафар одам ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 миллиарди дигар ба шароити одитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 мамлакат норасоии захираҳои обро эҳсос менамояд. Дар як ҳафта 42 ҳазор нафар дар ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки беш аз 90 дарсади онҳо кӯдакони то 5-сола мебошанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти 1,2 миллиард мардуми дуно  таҳдид менамояд.

«Метавон хулоса кард, ки бе ҳеҷ муболиғае  ташаббусҳои созандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мешиносанд ва тавассути ин ташаббусҳо номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик имрӯз шуҳратёр гардидааст»,-гуфт Исмоил Алиев.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид