«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 180 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Апрель 9, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар роҳҳои автомобилгард «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад – дар се моҳи аввали соли 2025 идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори роҳҳо зиёда аз 181 ҳазору 295  бех ниҳол шинониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муассисаҳои давлатии хоҷагии роҳҳои минтақаи Ҳисор 47 348 бех, минтақаи Рашт – 11 515 бех, минтақаи Кӯлоб – 46 820 бех, минтақаи Бохтар – 48291 бех ва  вилояти Суғд 26 321 бех ниҳол шинониданд.

Дар доираи маъракаи  дастҷамъона оид ба ниҳолшинонӣ, ки дар қитъаи роҳи автомобилгарди «Душанбе–Хоруғ»- аз маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Шуғнон баргузор гардид, беш аз 600 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуд.

Дар маҷмуъ, дар доираи Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гашта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 тасдиқ карда шудааст, дар канори роҳҳои автомобилгарди мамлакат 6 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат, коҷ (санавбар) ва дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешаванд.

Ин барнома дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум солҳои 2023 – 2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026 – 2027-ро дар бар мегирад. Аллакай дар марҳилаи аввал бояд дар зиёда аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту бутта шинонида шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 28 июни соли 2024 боз як санади муҳим – «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Тибқи он  дар муддати 15 соли оянда  дар  ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонда мешавад.

Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои такмил додани стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», сабзазоркунии роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд