Мумфаршкунии роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ мегардад.
Тибқи ин дастур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҳамшафати пойтахт, аз ҷумла шаҳри Ҳисор уҳдадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои буҷетӣ роҳҳои алтернативиро, ки тавассути онҳо нақлиёти зиёд, аз ҷумла боркаш вориди шаҳри Душанбе шуда, боиси вайрон шудани роҳҳо ва танбашавии нақлиёт мегарданд, таъмиру таҷдид намоянд.
Корҳои таъмиру таҷдиди ин роҳ ҳанӯз 1 феврали соли 2025 оғоз шуда буданд, вале бо сабаби номусоидии вазъи ҳаво корҳо муваққатан мавқуф гузошта шуданд.
Дар оғози корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода сокинону фаъолони ҷамоатро ба корҳои ободонию созандагӣ, ба тартиб овардани кӯчаю маҳалла ва дару девори ҳавлию хонаҳо даъват намуд.
Иброз гардид, ки бунёди роҳ бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд амалӣ хоҳад шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид






