ҶОМИ ОСИЁ-2025. Футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд

Апрель 17, 2025 15:52

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имшаб дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ муваффақона баромад карданд, аз тариқи транзит аз Давҳа ба Ватан бармегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон соати 22:00-и шаб ба шаҳри Душанбе мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт ва бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба Душанбе меояд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ чаҳор бозӣ доир намуд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бар дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон бо ҳисоби 2:1 ва Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Инчунин дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ рақобат кард, ки вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Дастаи Тоҷикистон дар силсилазарбаҳои ҷаримаи ёздаҳметра, яъне пеналти аз дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:3 мағлуб гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 дар мусобиқаи бонуфузи Ҷоми ҷаҳон дар Қатар бозӣ менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Апрель 17, 2025 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд