ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, панҷшанбе, 114-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 24, 2025 08:00

24 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.

***

24 апрели соли 2014 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории гуногунпаҳлуи  Тоҷикистон ва Корея муҳокима шуд.

***

24 апрели соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.

***

24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи  16-уми байналмилалии низоми маориф доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин муҳокима гардид.

***

24 апрели соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Иcтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир шуд.

***

24 апрели соли 2022 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ доир гардид.

***

24 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

24 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии ҷавонон.

***

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабораторӣ.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шумқор Одинабеков -соли 1928— сарояндаи маъруфи тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон. 

 

 

 

Апрель 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш