Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Спитамен тибқи нақша дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Ноҳияи Спитамен минтақаи пахтакори вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.