Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии рушд иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи 58-уми солонаи Бонки Осиёии Рушд, ки 4 май дар шаҳри Милани Италия оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рӯзи аввали вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Йингмин Янг, Директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии рушд Евгений Жуков ва Директори иҷроияи Бонки Осиёии рушд Викас Шил мулоқот намуд.
Дар доираи вохӯриҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи дастгирии Бонки Осиёии рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир карда шуд.
Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА бобати ин лоиҳаи муҳим, ки дар «рушди сабз»-и на танҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя низ саҳми арзанда мегузорад, бори дигар тасдиқ намуд.
Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Давоми солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 инҷониб Бонки Осиёии рушд қариб 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари ИМА дастгирӣ менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






