Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ҳамкории илмиро тақвият медиҳанд

Май 14, 2025 12:07

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Донишгоҳи миллии техникии Беларус зимни мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Беларусро  густариш диҳанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ва инноватсионии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ шуд. Ҳамзамон оид ба имконият ва роҳҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ табодули афкор доир гардид.

Дар фарҷом Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои таҳқиқот ва ташаббусҳои муштарак уфуқҳои нав мекушояд. Созишнома заминаи муҳими ҳамкории минбаъдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 14, 2025 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд