Ба хонандагон аҳамияти фанҳои дақиқ дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ ва технологӣ фаҳмонида шуд

Май 5, 2025 15:27

ДУШАНБЕ, 05.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Гимназияи «Кафолат»-и рақами 63-и шаҳри Душанбе бо фаъолияти озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ба хонандагон дар бораи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, радиатсия ва ядро маълумот дода шуд. Мутахассисони агентӣ аҳамияти фанҳои дақиқро дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ ва технологӣ, аз ҷумла омӯзиши уран, мониторинги радиатсионӣ ва таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ шарҳ доданд.

Хонандагон имкон пайдо намуданд, ки аҳамияти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқро дар рушди ҷомеа дарк намуда, ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, физика ва химия ҳавасманд гарданд.

Чунин ташаббусҳо ба татбиқи Барномаи давлатии рушди фанҳои дақиқ мусоидат намуда, насли наврасро ба касбҳои илмӣ ва технологӣ ҷалб менамояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 5, 2025 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд