Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаи механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ баррасӣ гардид

Май 25, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 май зимни Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов баргузор шуда, дар он  намояндагони зиёда аз 20 муассисаи илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Узбекистон иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аҳамият ва замонавӣ будани мавзуи конференсияро дар заминаи воқеияти иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар конференсия маърузаҳои муҳими олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ шунида шуда, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ, нақши воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, маориф ва муҳоҷират дар шаклгирии сармояи иҷтимоӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ муҳокима гардиданд.

Иштирокдорони конференсия пешниҳод намуданд, ки ҳамкории илмии байниинститусионалӣ тақвият дода шуда, таҳқиқотҳои муштараки байниминтақавӣ дар мавзуъҳои ҳувият, сармояи иҷтимоӣ ва устувории ҷомеа гузаронида шаванд.

Кори конференсия  дар бахшҳои соҳавӣ идома ёфта, зиёда аз 70 маърузаи илмӣ дар мавзуъҳои гуногун – аз таҳаввулоти ҳувияти миллӣ ва касбӣ то рушди маориф ва таҳкими арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод ва муҳокима гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 25, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад