Дар Душанбе вобаста ба ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори он намояндагони давлатҳои хориҷӣ ба тариқи маҷозӣ низ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯза ба ҳолат ва дурнамои рушд, таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни давлатҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, масъалаҳои пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ бахшида мешавад.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳоеро, ки дар доираи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули иқтисоди «сабз», таҳкими иқтидори содиротии давлатҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро таҳлил намуданд.
Ҳамоиш аз рӯи се бахш доир гардид. Доир ба масъалаи «Нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ» мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии давлатҳои Осиёи Марказӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, имконият ва иқтидори мавҷуда барои ҳамгироӣ, нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ, мушкилоти минтақавӣ ва усулҳои муассири ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд.
Коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ инчунин доир ба «Таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши хатарҳои нав» маъруза намуданд. Иштирокдорон масъалаҳои хатарҳои муосир ва таҳдиди онҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкилоти асосии таъмини амнияти минтақавӣ, усулҳои муосири таъмини амнияти минтақавӣ ва масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии механизми муқовимат ба таҳдидҳои мавҷуда (таҳдидҳои иттилоотӣ, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд. Инчунин он рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳо, суботи сиёсӣ ва оромию осудагии сокинонро таъмин мекунад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Иштирокдорони ҳамоиш нақши рушди иқтисоди «сабз» дар пешгирии тағйирёбии иқлим, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои «сабз» дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, равишҳо, стратегияҳо ва дигар масъалаҳои иқтисоди «сабз»-ро муҳокима намуданд.
Ба таҳлили коршиносон, тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалии асри 21 ба шумор меравад. Ин раванд боиси дигаргуншавии муътадилии иқлим ва афзоиши ҳодисаҳои табиӣ мегардад, ки ба башарият ва муҳити зист таъсири манфӣ дорад. Бо истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, ҳифзи муҳити зист беҳтар ва бехатарии энергетикӣ таҳким меёбад.
Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он аз масъалаҳое мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ доир ба хатари тағйирёбии иқлим сухан гуфта, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъалаи муҳим ҷалб менамоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






